Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Урдун ба истеъфо рафт


Подшоҳи Урдун Абдуллоҳ дар пайи чанд ҳафтаи эътирозҳои мухолифин бо талаби ислоҳот ҳукуматашро ба истеъфо фиристодааст. Кохи подшоҳии Урдун гуфт, амир Абдуллоҳ раҳбари собиқи идораи амнияти миллӣ Маъруф Бахитро сарвазири ҷадид таъйин карда, ба ӯ ҷиҳати ташкили кобинаи нав ва роҳандозии “ислоҳоти воқеъии сиёсӣ” дастур дод.
Бахит аз соли 2005 то 2077 сарвазири Урдун ва ҳамчунин муддате сафир дар Исроил буд. Тайи се рӯзи ахири ҷумъа ҳазорон урдунӣ дар Амон бо талаби ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва истеъфои ҳукумат тазоҳурот мекарданд.
XS
SM
MD
LG