Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои густарда дар Қоҳира ва саросари Миср


Имрӯз, дар рӯзи ҳаштуми эътирозҳои Миср, садҳо ҳазор эътирозгар ба хотири ширкат дар “раҳпаймоии миллионнафарӣ” алайҳи ҳукумати сисолаи президент Ҳуснӣ Муборак ба майдони Таҳрири Қоҳира рехтанд. Шумори эътирозгарон дар майдони Таҳрир аз чандсад ҳазор то 2 миллион нафар баровард мешавад. Дастикам 50 000 тани дигар дар Искандария, дуввумин шаҳри бузурги Миср, гирди ҳам омада, ҳазорон нафар дар Суезу Асют ва Мансураву Ал-Уқсур тазоҳурот кардаанд. Раҳбари мухолифин Муҳаммад Бародаӣ аз Муборак даъват кард, ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо кишварро то рӯзи ҷумъа тарк кунад. “Талаби аввали мардуми Миср ин аст, ки раисиҷумҳур Муборак бояд ба хотири оғози як даврони нав ва оғози як Мисри ҷадиди мабнӣ бар амнияту озодӣ ва демократия биравад.”
Кумитаи раҳбарони мухолифин гуфтааст, то замони рафтани Муборак бо режим вориди музокирот нахоҳанд шуд.
Низомиёни Миср дирӯз гуфтанд, ки “ҳуқуқи қонунии мардумро” эътироф мекунанд ва “алайҳи мардум аз нирӯ истифода нахоҳанд бурд.” Аммо бархе эътирозгарон дар ташвишанд, ки раҳпаймоиҳои ҷавобии тарафдорони Муборак метавонад мунҷар ба ихтилофоти хушунатомез бишавад.
XS
SM
MD
LG