Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯи садҳо ҳазор эътирозгар дар Қоҳира


Имрӯз садҳо ҳазор эътирозгар ба хотири ширкат дар “раҳпаймоии миллионнафарӣ” алайҳи ҳукумати сисолаи раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ба майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира рехтанд. Раҳбари мухолифин, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Бародаӣ аз Муборак даъват кард, ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо кишварро то рӯзи ҷумъа тарк кунад. Бародаӣ ба телевизиони Al-Arabiya гуфт, барои баҳси барномаҳои баъд аз Муборак гуфтугӯи фарогир зарурат дорад: “Талаби аввали мардуми Миср ин аст, ки раисиҷумҳур Муборак бояд ба хотири оғози як даврони нав ва оғози як Мисри ҷадиди мабнӣ бар амнияту озодӣ ва демократия биравад.”
Дар рӯзи ҳаштуми эътирозҳои Миср як раҳпаймоии густарда дар шаҳри бандарии Искандария низ дар назар аст. Яке аз эътирозгарон имрӯз дар Қоҳира ба Ройтерс гуфт: “Мо тағйири низомро мехоҳем. Артиш бояд бо мо бошад, на ба зидди мо.”
Низомиёни Миср дирӯз гуфтанд, ки “ҳуқуқи қонунии мардумро” эътироф мекунанд ва “алайҳи мардум аз нирӯ истифода нахоҳанд бурд.”
XS
SM
MD
LG