Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақсимбандии ҷинсӣ дар донишгоҳҳои Эрон


Донишҷӯёни марду зан дар Донишгоҳи Таботабоии Теҳрон аз соли нави таҳсил дар синфхонаҳои алоҳида таълим хоҳанд гирифт. Раиси ин донишгоҳ Саид Садриддин Шариатӣ гуфт, тақсимоти ҷинсӣ дар қадами аввал дар гурӯҳҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Қаблан як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар хабар дода буд, ки бахши муҳандисии Донишгоҳи ба номи Фирдавсии Машҳад мехоҳад наздики 50 дарсади гурӯҳҳояшро аз нигоҳи ҷинсӣ ҷудо кунад. Чунин тақсимоти ҷинсиро бори аввал 2 сол пеш ҳуҷҷатулислом Набиуллоҳ Фазлалӣ, намояндаи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар донишгоҳи технологии ба номи Хоҷа Насири Тӯсӣ пешниҳод карда буд.
XS
SM
MD
LG