Пайвандҳои дастрасӣ

Январ - аз пурқурбонитарин моҳҳо дар Ироқ


Давлати Ироқ мегӯяд, мавориди ҳалокати маъмурони пулис, сарбозон ва афроди мулкӣ дар ин кишвар дар моҳи январ ба гунаи аз моҳи сентябр ба ин сӯ бесобиқа афзудааст.
Бино ба омори расмӣ, дар як моҳи охир дар Ироқ дастикам 259 нафар, бо шумули 159 нафари мулкӣ, 55 маъмури пулис ва 45 сарбоз кушта шудаанд. Дар моҳи сентябр дар ин кишвар 273 нафар ҷон бохта буд. Хушунатҳо дар Ироқ дар солҳои 2006-2007 ба маҳзи даргириҳои мазҳабӣ ба авҷи худ расида, баъдан башиддат фурӯ нишаст, вале ин кишвар ҳамчунон дар чанги ҳамалоти чирикӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG