Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Эрон ба Ғарб дар мавриди иҷрои ҳукми эъдом


Эрон ба кишварҳои Ғарб гуфт, ки ба иҷрои ҳукми эъдом дар Ҷумҳурии исломӣ дахолат накунанд. Амрико дирӯз аз Эрон хост, иҷрои ҳукми қатлро бас кунад. Вазорати хориҷаи Амрико аз ҷумла аз овехта шудани як зане, ки шаҳрвандии ҳам Эрону ҳам Ҳолландро дошт, изҳори таассуф кардааст.
Заҳро Баҳромии 46-соларо, ки дар ҳифзу тиҷорати маводи мухадддир муҷрим шинохта шуд, рӯзи шанбе эъдом карданд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст гуфт, 80 дарсади эъдомшудагон қочоқбарони маводи мухаддиранд ва “агар Эрон бо маводи мухаддир муқобила накунад, зиёнаш ба Аврупо ва Ғарб хоҳад расид.”
Ҳолланд дар посух ба эъдоми Баҳромӣ равобити расмиаш бо Эронро мунҷамид сохта, ИА низ иҷрои ин ҳукмро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG