Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунинтарин соли мардуми мулкӣ дар Афғонистон


Як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар соли гузаштаро хунинтарин сол дар қариб 10 соли ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон номидааст. Дидбони ҳуқуқи Афғонистон мегӯяд, соли гузашта дар ин кишвари ҷангзада беш аз 2400 тан аз афроди мулкӣ кушта шуданд. Дар соли 2009 дар Афғонистон ҳудуди 2300 нафари мулкӣ кушта шуда буд.
Ба ҳисоби ин созмон, беш аз 60 дарсади ин мардум аз сӯи ҷангиёни толиб ва гурӯҳҳои дигари чирикӣ кушта шуда, нирӯҳои таҳти фармони Амрико масъулияти 21 дарсади куштори ғайринизомиёнро бар ӯҳда доранд. 12 дарсади дигар аз тири нирӯҳои худи Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG