Пайвандҳои дастрасӣ

Қозии Лоҳур раҳоии мақоми амрикоиро манъ кард


Қозии шаҳри Лоҳур ба мақомоти Покистон дастур дод, то мақоми амрикоии дар иртикоби қатли ду покистонӣ боздоштшударо раҳо накунанд. Қозии додгоҳи олии Лоҳур ҳамчунин хостори дар зарфи 15 рӯз ташхис кардани масунияти дипломатии ин амрикоӣ шудааст. Амрико хостори раҳоии ин нафар буда, мегӯяд, ӯро, ки тибқи паймони Вена аз масунияти комил бархӯрдор аст, ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.
Маъмурияти Барак Обама мегӯяд, ин амрикоӣ дар ҳафтаи гузашта ба хотири дифоъ аз худ ду мотосиклрони мусаллаҳро паррондааст. Ин дипломат мутмаин аст, ки он ду нафар мехостанд ӯро бо таҳдиди силоҳ бирабоянд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG