Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миср дар пешорӯи эътирозҳои "миллионнафарӣ"


Ҳазорон нафар дар пешорӯи “раҳпаймоии миллионнафарӣ”, ки мухолифин бо талаби барканории раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак даъват кардаанд, ба маркази Қоҳира рехтанд. Бисёре аз эътирозгарон алорағми қуюди шабгардӣ шабро дар майдони Таҳрир рӯз карданд. Аз субҳ ҳазорон нафари дигар ба онҳо ҳамроҳ шуданд.Яке аз эътирозгарон имрӯз дар Қоҳира ба Ройтерс гуфт: “Мо тағйири низомро мехоҳем. Артиш бояд бо мо бошад, на ба зидди мо.”
Созмондиҳандагон дар рӯзи ҳаштуми эътирозҳо, ки гуфта мешавад, то кунун дастикам 125 кушта ба ҷо гузошт, ба корпартоии саросарӣ ва эътирозҳои густарда даъват кардаанд.
Як чунин тазоҳуроти низ миллионнафарӣ, қарор аст, дар Искандария доир шавад.
Низомиёни Миср дирӯз гуфтанд, муқобили тазоҳургарон бар нахоҳанд хест. Онҳо бо эътирофи “ҳаққи қонунии мардум” ваъда супурданд, ки “алайҳи мардуми Миср аз нирӯ истифода нахоҳанд бурд.” Ҳуснӣ Муборак аз ноиби тоза таъйинкардааш Умар Сулаймон хоста, ки бо гурӯҳҳои сиёсӣ пиромуни ислоҳоти Қонуни асосӣ вориди музокирот шавад.
XS
SM
MD
LG