Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори мусалмонҳо аз 2 миллиард хоҳад гузашт


Бино ба як таҳқиқоти фарогир, то соли 2030 шумори аҳолии мусалмони ҷаҳон тақрибан 35 дарсад афзуда, аз 1, 6 миллиарди феълӣ ба 2,2 миллиард нафар хоҳад расид. Алан Куперман, намояндаи созмони таҳқиқотии Pew Research гуфтааст, хулосаи асосии пажӯҳиши анҷомдодаи онҳо ҳокист, ки суръати афзоиши аҳолии мусалмон назар ба боқӣ аҳолии дунё ду маротиба бештар хоҳад шуд. Бино ба пешбинии ин созмон, аҳолии мусалмони Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир 7,006 миллион нафарро ташкил медиҳад, то соли 2020 ба 8,364 миллион ва дар соли 2030 ба 9 миллиону 525 ҳазор нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG