Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори нигаронии ду созмони хабарнигорӣ


Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили ин кишвараз таъқиби журналистони тоҷик изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар баёнияи муштараки ин ду созмон омадааст, “мавридҳои афзояндаи таъқиби журналистон ва шеваи шикоёти додгоҳӣ ҳокист, ки ҳадафи ниҳоӣ бастани даҳони хабарнигорон аст, на ислоҳи иштибоҳҳо ё тантанаи адолат.”
Ахиран Анвар Тағоймуродов, раҳбари идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохила алайҳи ҳафтавори “Азия Плюс” ба додгоҳ шикоят бурда, барои матлаби “Тафтишот ё инквизитсия” аз ин нашрия 1 миллион сомонӣ ҷуброн хост.
Феълан алайҳи нашрияҳои Тоҷикистон боз ду даъвои дигар ба маблағи умумии шашуним миллион сомонӣ дар дасти баррасии додгоҳҳо қарор дорад.
XS
SM
MD
LG