Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқ барои таъсиси ду маркази фарҳангӣ


Фарид Муҳаммадшин, раиси Оҷонси "Россотрудничество"-и Русия

Фарид Муҳаммадшин, раиси Оҷонси "Россотрудничество"-и Русия

Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили ду маркази иттилоотиву фарҳангӣ дар Душанбеву Маскав ба тавофуқ расида, дар ин бора қарордод имзо карданд.

Пас аз дидору гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, Фарид Муҳаммадшин, раиси Оҷонси "Россотрудничество"-и Русия ҳадаф аз ташкили ин ду марказро чунин тавзеҳ дод: "Аҳамияти ин марказҳо барои мо он аст, ки метавонем низоми равобитро дар як системаи муайян роҳандозӣ кунем. Аз дастовардҳои худ дар бахши илм, фарҳанг ва туризм якдигарро огоҳ кунем. Мо ба бахши инноватсионии ин марказҳо аҳамияти хосса медиҳем ва дар он барои ҷавонони тоҷик имтиёзу аҳамият қоил хоҳем шуд."

Русия забони русӣ меомӯзонад

Ба гуфтаи ҷаноби Муҳаммадшин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин ду марказ дар бахши омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои миёна ва олии Тоҷикистон, таъмини мактабҳои русӣ ба китобу таҷҳизоти зарурӣ ва ҳамчунин, омӯзиши касбу забони русӣ ба муҳоҷирони корӣ дар кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд.

Солҳои ахир ин масъала борҳо дар сатҳи олӣ матраҳ шудаву Русия иброз доштааст, ки дар чаҳорчӯби танзими муҳоҷирати корӣ ин кишвар ба коргарони дорои касбҳои мавриди ниёз иҷозаи шуғл фароҳам хоҳад овард. Эҳтимол дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Русия эҳтиёҷ ба аробакашу раҳрӯбҳои муҳоҷир боқӣ намонад.

Раҳмон Улмасов, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон гуфт, ташкили ин марказҳо аз қабл матраҳ буд, ки барои Тоҷикистон дар шароити феълӣ аҳамияти зиёде дорад.

"Русия омодааст дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии Тоҷикистон кадрҳо барои муҳоҷирати корӣ ба Русияро тарбия кунад. Муаллимони забони русиро таълим бидиҳад",-афзуд ӯ.

"Қарордодҳои соядор"

Ин дар ҳолест, ки дигар таҳлилгарон ба иҷрои қарордодҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Русия чандон эътимод надоранд. Зеро ба гуфтаи онҳо, қарордодҳои имзошуда бо Русия соядор аст ва дар сояи ин қарордодҳо ҳадафҳои геополитикии Русия хобидааст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ дар ин бора гуфт: "Ҳузур ё таъсири забониву фарҳангӣ ин стратегия ё дурнамои сиёсат барои даҳсолаҳои оянда аст, ки дар канори он масоили сиёсӣ, аз қабили марзу пойгоҳҳо ва ҳамкориҳои умдаи иқтисодӣ матраҳ аст."

Проффесор Абдунабӣ Сатторзода низ мегӯяд, масъалаи ташкили марказҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия масъалаи даҳ соли қабл матраҳшуда аст.
Ҷаноби Сатторзода афзуд, "ҳар иқдоме, ки Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус, Тоҷикистон анҷом медиҳад, ба хотири бароварда сохтани ҳадафҳои геополитикии худаш аст. Ташкили марказҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ низ як заминасозӣ барои ҳадафҳои сиёсии ин давлат дар оянда дар Тоҷикистон аст."

"Имзоҳои фаромӯшшуда"

Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир масъалаи бозгашти нерӯи марзбони Русия ба Тоҷикистон, истифода аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" ва саҳми бештар гирифтани Русия дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун матраҳ аст.

Проффесор Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, дар понздаҳ соли ахир Тоҷикистону Русия садҳо қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд. Вале ба сабаби адами тавофуқ дар бархе аз масоили сиёсӣ Русия аз иҷрои ин қарордодҳо даст кашидааст.

Ин қарордодҳо ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, сохтмони корхонаи дигари алюминиюм ва эҳдоси корхонаи тавлиди семент дар гузашта низ рабт дошт, ки пас аз имзои он ба далоили сисёӣ ба оғӯши фаромӯшӣ рафтанд.
XS
SM
MD
LG