Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия маркази фарҳангӣ ташкил мекунанд


Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили ду маркази иттилоотӣ, фарҳангӣ ва илмиву техникӣ дар Душанбе ва Маскав ба тавофуқ расидаанд. Фарид Муҳаммадшин, раиси Оҷонси «Россотрудничества»-и Русия пас аз дидору гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ин ду марказ барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва фаннӣ миёни ду кишвар аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст.
Вай гуфт, дар доираи ин ҳамкориҳо масъалаи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҳамкории олимон, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия ва ҳифзи осори таърихӣ дар назар аст. Ҳамчунин, ҷаноби Муҳаммадшин гуфт, Русия имкон дорад дар барқарории осорҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад.
Қарордод дар бораи ташкили ду маркази иттилоотӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни ду кишвар рӯзи якуми феврал дар Душанбе миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Оҷонси "Россотрудничества" ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG