Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва НАНСМИТ аз таъқиби хабарнигори нашрияи “Азия-Плюс” изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ҳафтаи гузашта сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи "Азия-Плюс"-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ товон хоста буд.

“Тафтишот ё инквизитсия?”

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, дар мақолае дар “Азия-Плюс” дар ҳаққи ӯ суханони дурӯғ ва таҳқиромез нашр шуда, шаъну шараф ва ҳайсияти ӯро паст задааст.

Дар мақолаи таҳқиқотии “Тафтишот ё инквизитсия?”, ки ба қалами хабарнигор Рамзия Мирзобекова марбут аст, саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд тасвир шуда буд.

Сардори раёсати ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мақола мавриди ба иддаои худаш дурӯғ ва таҳқирро нисбат ба шахсияти худаш кашф карда ва аз додгоҳ хостори расидагӣ ба ин қазия шудааст.

Анвар Тағоймуродов дар аризаи даъвогии худ ҳатто таъкид кардааст, ки шояд муаллифи мақола ва хабарнигорони дигар омилони ҳамлаи интиҳории Хуҷандро мешинохтанд ва аз нияти онҳо огаҳӣ ва эҳтимолан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд.

"Қонунро нодида мегиранд"



Дар изҳороти ду созмони хабарнигории Тоҷикистон ба нақли қавл аз Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” низ чунин гуфта шудааст: “Рамзия Мирзобековаро борҳо ба Додситонии кулл барои дақиқ кардани маълумоте, ки дар мақола истифода шудааст, даъват карданд. Худи онҳо қонунро, ки ифшои номи манбаъро манъ мекунад, нодида мегиранд.”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ, мегӯяд, таъқибу бозпурсии хабарнигорон, на бо ҳадафи ислоҳи кор, балки барои бастани даҳони хабарнигорон сурат мегирад.

Вай афзуд, онҳо аз Додситонии кулл ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, ки ин қазияро пайгирӣ кунанд.

Тафсилоти қазия дар ин ҷост:

Нигаронӣ аз тамоюли фишор болои матбуот

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG