Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба думболи Брюcсел Вошинтон низ эълом дошт, ки алайҳи мақомоти Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Амрико, феҳристи мансабдорони белорусе, ки вурудашон ба ИМА мамнӯъ аст, густариш хоҳад ёфт. Ҳамчунин ба шаҳрвандони амрикоӣ ҳамкорӣ бо ширкати давлатии “Белнефтехим” муваққатан манъ карда мешавад.

Филипп Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки ин иқдом алайҳи мардуми Белорус равона нахоҳад буд. “Мо фақат ҳарчӣ бештар ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ кӯмак мекунем”, афзуд Филипп Кроулӣ.

Stop, ҷаноби Лукашенко!

Рӯзи душанбе вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасте дар Брюсел вуруди Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ва боз беш аз 150 мансабдори ин кишвар ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро манъ карданд. Онҳо дар бораи мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии ин мансабдорони белорус низ тасмим гирифтаанд.

Таҳримҳо – вокуниш ба саркӯби мухолифон баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус дар моҳи декабри соли гузашта аст. Он вақт садҳо эътирозгар ва чанд тан аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур боздошт шуда буданд.

Рӯзи шанбе Минск дар бораи раҳоии ҳафт тан аз боздоштшудаҳо, аз ҷумла, собиқ номзад ба мақоми президентӣ Владимир Неклияев хабар дод. Ва аммо гуфта мешавад, ҳамаи онҳо дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонанд.

Аз ҳушдор ба амал

То имрӯз Брюсел ва Вошингтон чандин бор ҳушдор дода буданд, ки дар сурати идомаи фишор болои мухолифин Минскро муҷозот хоҳанд кард. Миёнаҳои моҳи гузашта Порлумони Аврупо саркӯбиҳои баъди интихоботи баҳсбарангез дар Белорусро маҳкум кард ва хостори баргузории интихоботи нави “шаффоф ва демократӣ” шуд.

Вакилони порлумон дар Страсбург бо қабули баёнияе аз Иттиҳодияи Аврупо хостанд, ба мақомоти баландпояи Белорус раводиди сафар надиҳад ва ҳамчунин онро бо таҳримоти иқтисодӣ, аз ҷумла мутаввақиф кардани кӯмакҳои молии Сандуқи Байналмилалии Пул, танбеҳ диҳанд.

Аз ин пеш шаш сенатори бонуфузи Амрико хостори посухи муштараки қотеъи ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба саркӯбии тазоҳуроти баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Белорус шуданд. Дар посух Александр Лукашенко таҳдид кард, ки дар сурати эъмоли таҳримҳо аксуламали шадид нишон хоҳад дод. Ӯ ишора намуд, ки Белорус айни ҳол яке аз роҳҳои аслии интиқоли нафту гази Русия ба кишварҳои аврупоӣ маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG