Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравии ИМА ба ибтикори эъмоли таҳримҳо болои Минск


ИМА дар пайравӣ ба ибтикори Иттиҳодияи Аврупо, барои эъмоли таҳримҳои нав болои мақомоти Белорус тасмим гирифт. Вазорати умури хориҷии Амрико иттилоъ дод, ки феҳристи мансабдорони белоруси вурудашон ба ИМА мамнӯъ густариш хоҳад ёфт. Ҳамчунин ба шаҳрвандони Амрико муваққатан ҳамкорӣ бо ширкати давлатии “Белнефтехим” манъ карда шудааст.
Дирӯз дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюсел тасмим гирифта шуд, ки Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, ва боз беш аз 150 мансабдори ин кишвар аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум карда шаванд. Дар ин нишаст дар бораи мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии ин мансабдорони белорус низ тасмим гирифта шуд.
Таҳримҳо – вокуниш ба саркӯбсозии мухолифини Белорус баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли гузашта аст. Он вақт садҳо эътирозгарон ва чанд тан аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур боздошт шуда буданд.
Рӯзи шанбе Минск дар бораи раҳоии ҳафт тан аз боздоштшудаҳо, аз ҷумла, собиқ номзад ба мақоми президентӣ Владимир Некляев хабар дод. Ва аммо ҳамаи онҳо дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG