Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломати амрикоӣ барои музокирот вориди Қоҳира шуд


Фрэнк Виснер, собиқ сафири ИМА дар Миср, барои музокирот бо мақомоти Миср дар робита ба идомаи нооромиҳо дар кишвар, вориди Қоҳира шуд. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Амрико, интизор меравад, ки Виснер аз мақомоти Миср хостори ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ба хотири таъмини шароити мусоид барои баргузории интихоботи озоду одилона хоҳад шуд. Аз ин пеш Вошингтон бори дигар аз Қоҳира даъват намуд, ки интихоботи озоду одилона баргузор намояд. .
Дар ҳамин ҳол Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, аз мақомоти Миср хост, ки ҳарчӣ зудтар музокирот бо мухолифинро шурӯъ намоянд. Хонум Эштон афзуд, "мо даъват мекунем, ки ҳама эътирозгарони осоиштаи дастгиршуда раҳо карда шаванд".
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар навбати худ аз хатари сари қудрат омадани гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ дар Миср ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG