Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағҳои Бини Алӣ дар Аврупо мунҷамид шуданд


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дархости мақомоти Тунис дар бораи мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии раисиҷумҳури фироркарда Зайнулобидин Бини Алӣ ва хонумаш Лайло Трабелсӣ дар бонкҳои аврупоиро пазируфтанд. Бар пояи иттилоъи манбаъҳои дипломатӣ, ин гуна тасмим дар баробари чанд нафар аз пайвандони Бини Алӣ низ, ки бар асари нооромиҳо дар Тунис аз мақомашон барканор шудаанд, гирифта мешавад. Зайнулобидин Бини Алӣ, ки солҳои тулонӣ раҳбарии Тунисро бар ӯҳда дошт, дар сирқати маблағҳои бузурги давлатӣ гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG