Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди низомиёну кормандони полис дар Могадишо


Бар асари задухӯрд миёни низомиёну кормандони полис дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ, дасти кам 16 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Даргирӣ дар канори бозор ба вуқӯъ пайваст. Бештари қурбониёни ин моҷаро сокинони осоиштаанд.
Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки ин ҳодисаро тафтиш ва гунаҳкоронро муҷозот мекунанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ин гуна даргириҳо дар кишваре, ки бар асари ҷанги тулонии шаҳрвандӣ заъиф шудааст, ҳодисаи нодир нест.
XS
SM
MD
LG