Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти террористҳои эҳтимолӣ дар Италия


Мақомоти амниятии Италия бо гумони терроризм се шаҳрванди Марокашро дастгир карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар як амалиёти хадамоти амниятӣ дар шаҳри Катандзарои минтақаи Калабрия имоми масҷиди ҷамоаи марокашиҳо дар мавзеъи Селия-Марина Муҳаммад Ғаруон, писараш Иброҳим ва ҳамчунин Юнус Даҳҳоқӣ боздошт шуданд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, имоми масҷид бо маъвизаҳои худ террористони эҳтимолиро дар атрофаш ҷамъ меовард. Гуфта мешавад, ки ин се нафар дастурҳои тайёр кардани маводи мунфаҷираро аз интернет чоп карда миёни ҷамои марокашиҳо паҳн менамуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG