Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ ба Тимошенко иҷозаи сафари хориҷӣ намедиҳад


Имрӯз додситонии Украина гуфт, моҳи оянда ба Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, барои ширкат дар мулоқоти сиёсӣ дар Бруссел Украинаро тарк кунад. Сабаб ин будааст, ки бар зидди Тимошенко парванда боз шудааст ва расидагӣ ба ин парванда идома дорад. Додситонӣ дархости вайро барои иҷоза ба ин сафар рад кардааст. Дар изҳороти додситонӣ омадааст: "Маълумот вуҷуд дорад, ки вай метавонад кишварро тарк ва аз масъулият канорагирӣ кунад". Бар зидди хонум Тимошенко барои сӯистифода аз мақом парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG