Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо вуҷуди нигаронкунада будани авзоъ дар Миср, давлати Тоҷикистон шаҳрвандонашро бозпас намеорад.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт: "Сафорати Тоҷикистон дар Миср мувофиқи маълумоте, ки дорад, кӯчонидани шаҳрвандони моро аз он ҷо зарур намешуморад. Мувофиқи ҳамин низом сафорат кор мекунад, намояндагии мо навбатдорӣ ташкил кардааст. Аз ҳамаи он таҳаввулоте, ки он ҷо мегузарад, хабардор ҳастанд."

Тоҷикистон ва Миср

Дар низоми фикри маҳзабии аҳли суннат ва ҳам аҳли шиаи исмоилии ақаллияти Тоҷикистон, Миср ҳамчунон ба унвони пойгоҳи куҳан ва устувори ақидаи динӣ ҷои худро ба кишвари дигаре надодааст.

Ҳатто вуҷуди Ҳарамайни Шарифайн ва бартарии иқтисодӣ ва манобеи саршори энержӣ ба Арабистони Саудӣ ин имконро то кунун надодааст, ки кишварҳои мусулмони минтақа дар равияҳои мазҳабӣ аз он ба ҳадди Миср таъсирпазир бошанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ
Намунаи барҷастаи ин нигаронии мақомот ба идомаи ҳузури ҷавонони тоҷик дар мадориси Миср ва дар зарфи чанд моҳи охир бозпас овардани онҳо аз Мисри араб буд. Аммо ҳамчунон садҳо тан аз тоҷикон дар он кишвар машғули таҳсил ҳастанд.

Ҳоло ба ҳар далел, чӣ робитаи таърихӣ ва суннатӣ ва ҳам алоқаҳои феълӣ, ҳаводиси Миср мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа ва маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

ҲНИТ: "Натиҷаи сиёсати ғалат"

Аҳзоби сиёсӣ, умдатан гурӯҳҳои мухолиф таҳаввулоти Мисрро аслан натиҷаи сиёсати ғалати низоми худкомаи ҳоким, ақибмондагии иқтисод, нодида гирифтани ҳаққи тӯдаҳо ва саркӯбии фаъолони сиёсӣ медоданд. Ин гурӯҳҳои сиёсӣ таҳаввулоти Мисрро аслан қиёми мардумӣ ва паёме аз анҷоми кори ба истилоҳ диктаторҳо медонанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, ҳудуди 60 сол ба ин ҷониб дар Миср низоми ҷумҳурӣ эълон карданд, вале демократияро ба бозӣ гирифтанд ва ҳаққи мардум зери по мешуд. Аз ин хотир, бо фароҳам шудани имкон мардум ба хиёбонҳо рехт, то эътирози худро аз шароит иброз кунад.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд: "Ин аст огоҳии мардум, ки дигар ҳукуматҳо бояд аз ҳамон ҳашт солу даҳ сол нагузаранд. Ва вақте ҳукуматҳо дароз давом мекунанд, воқеан, дар он кишварҳо фақру фасод пеш меояд. Имрӯз дар ҷаҳон дигар бо ин шева ҳукумат карда намешавад."

ҲХДТ: Кори дохилии Миср

Аммо намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ибрози назар дар ин маврид бештар муҳтот ҳастанд.

Усмон Солеҳ, масъули бахши таблиғот дар ҲХДТ мегӯяд, ҳаводиси Миср кори дохилии он кишвар аст ва коре, ки Тоҷикистон бояд қабл аз ҳама анҷом диҳад, ба гуфтаи ӯ, расидагӣ ба вазъияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср аст.

Масъули бахши таблиғоти ҲХДТ гуфт, "Умедворем, ки мардум ва ҳукумати Миср масъалаи пешомадаро бо роҳи сиёсӣ ва музокира ҳал мекунанд."

Давлати Усмон
Коршинос: Мардум дилсард шуд

Аммо Давлати Усмон, вазири пешин дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, иллат ва омили аслии қиёми мардум дар Миср инфиродӣ ва худкома шудани ҳукумати он кишвар аст. Ӯ мегӯяд, тамоми имконот ва зарфияти кишвар, ба хусус дар сӣ соли охир, барои тақвияти ҳукумати хонаводагӣ ва як нафар истифода шуд ва он саранҷом Мисрро ба чунин рӯзе кашид.

"Оҳиста-оҳиста дар он ҷо қудрат инфиродӣ шуда, ба худкомагӣ печид. Ва вақте қудрат худкома шуд, ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти одамон, озодиҳои маданӣ дахолат мекунад. Ва ин оҳиста-оҳиста дар ҷомеа обила ба вуҷуд меорад. Мардум аз ҳукумат дилсард шуд",-афзуд ӯ.



Таҳаввулоти Миср ба ҳар сурате ҳам пеш наравад, ҷомеаи Тоҷикистон хосса, қишри мазҳабӣ ва суннатӣ аз таҳаввулоти он таъсирпазир хоҳад буд. Аммо мегӯянд таҳлилгарон, дар ҳар сурат, ин таҳаввулот ба равобити Тоҷикистон бо Миср таъсири баде нахоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG