Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо хостори музокироти ҷонибҳои Миср шуд


Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Миср даъват кард, ки бо гурӯҳҳои мухолифон ба музокира биншинад, тазоҳуркунандагони боздоштшударо раҳо кунад ва барои аз роҳҳои демократӣ хотима додан ба нооромиҳои кишвар иқдом варзад. Хонум Кэтрин Эштон-раиси исёсати хориҷии Аврупо аз талафоти ҷонӣ дар тазоҳуроти Миср ибрози таассуф кард. Ҳамзамон Хоссе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо хостори баргузории музокироти ҷонибҳои Миср шуд:
"Ман бовар дорам, ки музокира танҳо роҳи дастёбӣ ба тағирот ва ҳамзамон дархӯри демократия ва субот аст".

Аз сӯи дигар, Тонӣ Блэр-фиристодаи вижаи байналмиллалӣ барои Ховари Миёна таъкид кард, ки тағирот дар раҳбарии Миср ногузир аст.
XS
SM
MD
LG