Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшони Зайналобиддин 5 сол маҳкум ба зиндон шуд


Зайналобиддин Маннонов, ки бо номи эшони Зайналобиддини нурободӣ маъруф аст, 5 сол маҳкум ба зиндонн шуд. Анвар Аҳмадов-додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳангоми қироати ҳукми ӯ гуфт, Зайнулобиддин Маннонови 62-сола дар "барангехтани кинаву хусумати мазҳабӣ", "узвият дар ҷараёни мамнӯъи Салафия" ва "даъват ба ҷиҳод" муҷрим дониста шудааст. Вай ҳангоми қироати ҳукм гуфт:

"Судшаванда дар мавриди барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ ва даъват ба фаъолияти экстремистӣ дар ҷамоати деҳоти Самсолиқи ноҳияи Нуробод гунаҳкор дониста мешавад".

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Зайнулобиддин Маннонов дар деҳоти Ширбегиён, Улфатобод ва Қалъаи Назари ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод таълимоти ҷараёни Салафияро таблиғ мекард. Аз ҷумла ӯ дар моҳи рамазон фатво додааст, ки ба ҷои 20 ракъат, 8 ракъат намози таровеҳ хонда шавад ва низ мавсуф маросимҳои дар мазҳаби ҳанафӣ роиҷи ҳафту чил ва соли майитро макрӯҳ хондааст.
XS
SM
MD
LG