Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак дар назди аъзои кобинаи худ савганд ёд кард


Имрӯз телевизиони давлатии Миср гузориш дод, ки Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури ин кишвар дар назди аъзои кобинаи худ савганд ёд кардааст. Ҳабиб ал Адлӣ-вазири корҳои дохилии Миср, ки барои бераҳмии худ гунаҳгори оғози тазоҳуроти эътирозии Қоҳира дониста мешавад, аз мақом барканор ва ба ҷои вай генерал Маҳмуд Вагдӣ вазир таин шуд. Ширкаткунандагон мардумро дар рӯзи сешанбе ба тазоҳуроти умумии "миллионнафарӣ" даъват карданд.
XS
SM
MD
LG