Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Муборак ҳамчунон дар хиёбон


Эътирозҳо алайҳи ҳукумати сисолаи раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак вориди рӯзи ҳафтум шуд.

Нирӯҳои пулиси Миср, ки тайи 2 рӯзи охир дар кӯчаву хиёбонҳо ба назар намерасиданд, рӯзи душанбе дигарбора дар саросари Миср алайҳи эътирозгарон басиҷ шуданд. Дар осмони Қоҳира чархболҳо парвоз дошта, тонкҳо роҳҳои ба сӯи майдони Таҳрир, маркази эътирозҳои зидди давлати Ҳуснӣ Муборакро бастаанд. Дар ҳошияи ин майдон нирӯҳои пулис сарбозонро ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо бино ба хабарҳо, маъмурони пулис дар амри муқобила бо ҳазорон эътирозгари гирдиҳамомада чандон фаъол ба назар намеоянд.

Қоҳира дар интизори "раҳпаймоии миллионнафарӣ"

Бо ин ҳол, раҳбарони тазоҳурот фишорро ба режими Муборак афзоиш дода, ба як корпартоии саросарӣ ва як “раҳпаймоии миллионнафарӣ” дар Қоҳира дар рӯзи сешанбе даъват кардаанд. Раҳбари ислоҳталабон - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Бародаӣ шаби якшанбе ба эътирозгарон дар майдони Таҳрир пайваст ва гуфт, ки онҳо дар роҳи ҳаққ ба сӯи як Мисри навин қарор доранд ва аз талаби суқути давлати Ҳуснӣ Муборак ақиб нахоҳанд нишаст:

“Ман омадам, то дар ин рӯз ба шумо бипайвандам. Имрӯз шумо ҳамчун мисрӣ ҳуқуқи худ ба зиндагӣ ва озодии худро пас мегиред. Ончӣ оғоз ёфт, пас нахоҳад гашт. Мо як талаби асосӣ дорем: Анҷоми ин режим ва шурӯъи марҳалаи ҷадид.”

Ихвониҳо аз Бародаӣ пуштибонӣ мекунанд

Ин паёми Муҳаммад Бародаӣ, раҳбари собиқи Ожонси ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ, дар ҳоле садо медиҳад, ки мухолифони Ҳуснӣ Муборак ба манзури музокирот бо артиш як кумитаи хос ташкил додаанд. Артиш дар Миср қудрати фавқулоддаест ва ин, ки низомиҳо аз Муборак пуштибонӣ хоҳанд кард ё аз мухолифинаш, ба ҳама таҳаввулоти баъдӣ таъсири асосӣ хоҳад дошт.

"Ихвонулмуслимин", бузургтарин ҳизби мухолифин, гуфтааст, ки дар ин кумитаи музокиротӣ аз Бародаӣ ҳимоят мекунад. Раҳбарони "Ихвонулмуслимин" Исом Ориён ва Саъд Қатонӣ, ки рӯзи якшанбе аз зиндон фирор карданд, ба аҳли майдони Таҳрир гуфтаанд, ки “инқилоби мардумӣ” қатъи назар аз он, ки чанд шаҳид хоҳад дод, давом хоҳад кард.

Вазъи норӯшани Миср

Ин дар ҳолест, ки мавзеъи генералҳои аршади мисрӣ, ки рӯзи 30 январ бо Ҳуснӣ Муборак мулоқот доштанд, норӯшан боқӣ мемонад. Бисёре аз эътирозгарон аз ҳузури сарбозони артиш дар кӯчаву хиёбонҳо истиқбол мекунанд. Дар кӯчаҳо нирӯҳои артиш, дастикам сарбозони қаториро метавон дид, ки дар зиреҳпӯшҳои худ шиорҳоеро бо чунин мазмун, ки онҳо аз мардуми Миср дифоъ мекунанд, овехтаанд.

Идомаи тазоҳурот дар Миср
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
Линки мустақим


Рӯйдодҳои Миср дар Вошингтон мояи нигарониҳое шуда, ки оё дар сурати суқути режими Муборак сарнавишти қарордоди сулҳи 30 сол пеши Мисру Исроил чӣ хоҳад шуд? Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон хостори таҳвили муназзами қудрат шуд, вале ҳушдор дод, ки чунин таҳвил дар як шаб бидуни пайомадҳои ҷиддӣ анҷом нахоҳад шуд:

“Ҳоло фурсати рафтан ба сӯи муколамаи миллӣ, иттихози иқдомоти мушаххас, эҷоди муҳити сиёсӣ барои эътирозҳои осоишта ва таъсиси мухолифини сулҳомезест, ки мехоҳанд дар сохтани ояндаи беҳтар кӯмак кунанд. Ин чизест, ки мо мехоҳем бубинем.”

Нигаронии Аврупо аз вазъи Миср

Вузарои хориҷаи ИА низ хостори гузариши осоиштаи Мисру Тунис ба демократия шуда, алайҳи ба дасти гурӯҳҳои мазҳабӣ гузаштани умур дар ин ду кишвар ҳушдор додаанд.

Вазири хориҷаи Итолиё Франко Фраттинӣ аз ҷумла гуфт, мутмаин ҳаст, ки мисриҳо роҳи демократияро пеш хоҳанд гирифт, то масири тундравӣ ё ифротгароиро.
XS
SM
MD
LG