Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътироз дар назди ҳукумати Қирғизистон дар Бишкек


Имрӯз дар Бишкек дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон ҳудуди 300 нафар даст ба эътироз заданд. Онҳо бар зидди истихроҷи тиллову мис дар кони маъдани Талас изҳори норизоятӣ карданд. Дар авоили моҳи ҷорӣ ширкати маъдани "Андаш" гуфт, ки корҳои ҷустуҷӯ ва истихроҷи тиллову мис дар водии Андаш ба муҳити атроф ва мардуми маҳал зарар нахоҳад дошт. Ин ширкат ҳамчунин қавл дод, ки ҳангоми истихроҷ аз тезоби сионид истифода нахоҳад кард ва ба чӯпонони маҳаллӣ барои машғул доштани баъзе маҳалҳо ҷубронпулӣ хоҳад дод. Бо вуҷуҷи ин, баъзе аз сокинони маҳал ба ин иқдом розӣ нестанд. Бино ба маълумоти тақрибӣ, дар водии Андаш 20 тон захираи тилло ва 70 000 тон захираи мис мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG