Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев интихоботи зудрас эълон кард


Нурсултон Назарбоев аз пешниҳоди тамдиди раёсаташ то соли 2020 тавассути райъпурсӣ даст кашида, хостори интихобот шуд.

Ин изҳорот дар пайи эълони ҳукми Шӯрои Қонуни асосист, ки имрӯз қарори баргузории чунин райъпурсиро муноқиз бо Қонуни асосӣ номид.

Назарбоеви 70-сола, ки инак 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад, гуфтааст, ба зудӣ пешниҳоди даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлатро ба парлумон ироа хоҳад кард

Нурсултон Назарбоев гуфт, дар ивази райъпурсӣ даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳуриро пешниҳод мекунад. Назарбоев гуфт, “ҳарчанд ин райъгирӣ замони кунунии раёсати ӯро ду сол камтар мекунад”, ӯ дар садад аст, тарҳи қонун дар мавриди даъвати интихоботи пеш аз вақтро ба зудӣ ироа кунад. Ин тасмими раисиҷумҳури Қазоқистон ба дунболи судури ҳукми Шӯрои Қонуни асосист, ки ба якуним моҳи маъракасозиҳо бо талаби тавассути райъпурсӣ тамдид кардани замони раҳбарии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 поён дод. Назарбоев зоҳиран таҳти фишор аз дохилу хориҷ ақибнишинӣ кард ва ба бовари нозирони умур, ҳукми Шӯрои Қонуни асосӣ барояш танҳо ба хотири ҳифзи обрӯ буд.

Игор Рогов, раиси Шӯрои Қонуни асосии Қазоқистон рӯзи душанбе қарори тамдиди замони раёсати Нурсултон Назарбоев тавассути райъпурсиро муноқиз бо қонуни асосии кишвар номид.

Рогов дар ин замина гуфт: “Шӯрои Қонуни асосӣ ин қонунро муноқиз бо Қонуни асосӣ шинохт ва ин чунин маъно дорад, ки ин қонун набояд имзо ва ба иҷро дароварда шавад.”

Дар моҳи декабр як гурӯҳи ташаббускор дар Қазоқистон бо талаби тамдиди замони раҳбарии Назарбоев то соли 2020 ба ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ кард ва ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, то 11 январ 5 миллион имзо гирд овардааст.

Дар пасманзари мухолифати зоҳирии Назарбоев, парлумони Қазоқистон қарори баргузории ин райъпурсиро тасвиб кард. Аммо ин дар дохилу хориҷ ва бештар дар Ғарб ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шуд. Таҳлилгари рус Аркадий Дубнов мегӯяд, Назарбоев бо дар миён андохтани пешниҳоди райъпурсӣ мехост вокунишҳо дар дохилу хориҷро имтиҳон кунад, вале чун дид, ки истиқболи зиёд надид, ақиб нишаст.

“Аз аввал маълум буд, ки Назарбоев тасмими ниҳоияшро баъди сафари вазири хориҷааш Қаноат Савдобоев хоҳад гирифт. Савдобоев чанд рӯз қабл ба Амрико рафта буд ва аз Ҳилларӣ Клинтон паёми рӯшан шунид, ки агар Назарбоев ба тамдиди замони раёсаташ тавассути раъйпурсӣ розӣ шавад, Амрико инро пасрафт аз роҳи демократия хоҳад шинохт. Дар роҳи бозгашташ дар Брюссел низ Савдобоев айни паёмро шунид. Ва Назарбоев ночор шуд, то чунин тасмим бигирад.”

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, чунин гашти Шӯрои Қонуни асосӣ ҳокист, ки пешниҳоди тамдиди замони раёсати Назарбоев нафақат дар Ғарб ё дар миёни мухолифини қазоқ, балки аз сӯи нухбагони давлати ӯ ҳам ба мухолифатҳое рӯбарӯ шуд ва яқинан ҳатто дар ҳалқаҳои наздик ба Назарбоев на ҳама мехоҳанд, ки ӯ мудомулумр дар курсии президентӣ бимонад: “Албатта, ин ҳама то ҳол бозӣ буд. Маълум буд, ки бозии сиёсист. Вале дигар кор аз ҳадди бозӣ гузаштааст. На фақат аҳзоби мухолиф, балки бархе доираҳо дар сохторҳои расмӣ низ нишон доданд, ки ба тамдиди замони раҳбарии Назарбоев чандон мувофиқ нестанд.”

Таҳлилгарон ҳамин тавр, таъсири рӯйдодҳои ахири Тунису Мисрро, ки буҳрони раёсатҳои тӯлониро ба намоиш даровард, дар тасмими ахири Назарбоев асосӣ медонанд ва мегӯянд, ки ӯ бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мехоҳад аз қабл аз бурузи эътирозҳои ҳамсон дар кишвараш ҷилавгирӣ кунад.

Нурсултон Назарбоев ҳанӯз дар тобистони соли 1989, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳизби яккатози коммунист побарҷо буд, ба раҳбарии Қазоқистон расид ва алакай як дафъа дар соли 1995 тавассути райъпурсӣ замони раёсаташ бар ин кишвари саршор аз нафту маъодини Осиёи Марказиро тамдид кардааст.

Аммо Назарбоев, ки соле пеш унвони “Элбошӣ”, ё “Пешвои миллат”-ро ҳам дарёфт кард, акнун қасд дорад, барои давраи нави раёсат роҳии интихобот шавад. Албатта, кам касе ба пирӯзии навбатии Назарбоев ва он ҳам бо як фоизи хеле баланд, ки дар интихоботҳои Осиёи Марказӣ як чизи маъмулист, шакк меорад. Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки то кунун ягон интихобот дар Қазоқистон ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як райъгирии озоду демократӣ шинохта нашудааст.
XS
SM
MD
LG