Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев интихоботи зудраси президентӣ эълон мекунад


Kazakhstan - President Nursultan Nazarbaev speaks at the Assembly of Kazakhstan nations session. Astana, 20Oct2010.

Kazakhstan - President Nursultan Nazarbaev speaks at the Assembly of Kazakhstan nations session. Astana, 20Oct2010.

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, ки қабл аз вақт интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон хоҳад кард. Вай имрӯз зимни суханони худ дар як барномаи мустақими телевизионӣ аз рӯзи баргузории интихобот ном набурд, вале гуфт, ки аз нақшаи баргузории райпурсӣ, ки тибқи он мӯҳлати раёсати ҷумҳурии вай то соли 2020 тамдид хоҳад шуд, ҳимоят нахоҳад кард:

"Ҳамчун нахустин раиси ҷумҳури ба таври демократӣ интихобшуда бо назардошти ормонҳои олии кишвари мо ман тасмим гирифтам, ки райпурсӣ баргузор нашавад".


Қаблан, Шӯрои Қонуни Асосии Қазоқистон райпурсии барномарезишударо, ки бар асоси он бояд мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 тамдид мешуд, рад кард ва чунин корро хилофи муқаррароти Қонуни Асосии Қазоқистон хонд.
XS
SM
MD
LG