Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни озариро аз Миср ба Ватан баргардонданд


Имрӯз ҳудуди 100 нафар шаҳрвандони Озарбойҷон аз Миср ба Боку интиқол дода шуданд. Бо ин парвоз ҳамчунин ҷасади Ниҷат Қосаев-шаҳрванди Озарбойҷон ва корманди 25-солаи сафоратхонаи Озарбойҷон дар Қоҳира оварда шуд. Вай дар ҷараёни тазоҳурот ҳадафи тир қарор гирифтааст. Як зани ҷавон дар фурудгоҳи Боку ба радиои Озодӣ гуфт, вай мунтазири ягона бародараш будааст. Бародари донишҷӯяш ду моҳ пеш ба Миср барои таҳсил рафтааст. Бештари ононе, ки баргаштанд, дониӯҷӯёнанд. Дар миёни онҳо кормандони дипломатӣ низ будаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG