Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро давлат бо дин мушкил дорад?


Эшони Нурддинҷон дар масҷиди "Маҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат.

Эшони Нурддинҷон дар масҷиди "Маҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат.

Дар баҳси хонандагон сари матлаби "Барканории Эшони Нуриддин ва гурӯҳе аз имомхатибон" даҳҳо шарҳ ба иллати тарзи баёни андеша мунташир нагашт. Бархе ҳатто ба дашному таҳқир гузаштанд. Чунин номаҳо ҳаргиз нашр нахоҳанд шуд. Муаллифони он номаҳо ҳоло бубиннанд, намунаи сухани ботавозунро, ки ҳарчанд каме тӯлонист ва бебаҳс нест, аз хонданаш касе пушаймон намешавад.

Ҷамшед аз шаҳри Душанбе

Дуруд бар ҳамаи Шумо, бародарон ва азизон бод!

Хоҳиш дорам, ҳамдигарро эҳтиром кунед, чизе беҳтар аз дӯст доштан ва эҳтироми хамдигар нест. Муҳим нест, ки Шумо бар кадом дину мазҳаб ҳастед. Дар офариниши ҳар кадоми мо ҳикмати илоҳист. "Мабошед аз онон, ки пароканда сохтанд дини худро ва шуданд гурӯҳ-гурӯҳ, ҳар гурӯҳ бо он чӣ наздики ӯст, хурсанд аст". (Сураи Рум, ояи 27.)

Бародарони азиз! Шумо динро аз ин муллоҳо фарқ кунед. Дин ин муллоҳо нестанд ва ин муллоҳо дин нестанд. Мутаассифона, агар иштибоҳи мулло ё воизеро бигӯӣ, чунон вонамуд мекунанд, ки ту зидди дин ҳастӣ. Хеле аз ончӣ ин муллохои мо мегӯянд, мутаассифона аз дин дур аст, зидди ҚОНУНИ МУҚАДДАСИ ЯГОНАГИИ ИНСОНИЯТ аст.

Дин беҳзистӣ ва дӯстиву бародарӣ ва ягонагии инсонҳост, бо ин ки инсоният забонҳои гуногун ва дини гуногун ва ранги гуногун дорад. "Ва аз нишонахои Ӯст офаридани осмонҳо ва замин ва гуногун будани забони шумо ва рангҳои шумо, ҳар ойина дар ин кор нишонаҳост донишмандонро". (Сураи Рум, ояи 22.)

Ин барои мо нишонаҳост, то ҳамдигарро бишносем ва эҳтиром кардан ва дӯст доштанро ёд бигирем, на ин ки бар сари ҳамдигар борони ҳақорат биборем, ки якеамон дини дигар дорад.

Оре, иштибоҳ аз ҳар ду ҷониб аст -- ҳам аз муллоҳо ва ҳам аз ҳукуматиҳо. Инҷониб ба ҳамаи он воизон, аз ҷумла ба Домулло Нуриддин, эҳтиром дорам. Вале дар баробар ин, ба суханҳои эшон ва дигар воизони мӯҳтарам мувофиқ нестам. Даҳҳо далел дорам, ки инҳо бо суханҳои беасоси худ миёни мардуми Тоҷикистон ихтилоф меангезанд. Ин иштибоҳи онҳост. Ҳукумати Тоҷикистон инро хуб медонад...

Шумо боре ба суханронии Кирил, падари рӯҳонии Русия гӯш диҳед: ҳама ҷо аз эҳёи Русияи Бузург мегӯяд, боре ба гузаштаи халқи худ санг намезанад, ҳамаро ба ягонагӣ, ба эҳтиром ва дӯст доштани ҳамдигар мехонад. Нӯшаш бод! Ин бародарони азиз - воизони мо чӣ мекунанд? Бо чанд ривояти (афсонаи) ҳазору чаҳорсадсола, ки кӣ аз кӣ ривоят кардааст, маълум нест, дар масҷидҳояшон, дар суханрониҳояшон доранд дигарандешонро кофару дӯзахӣ эълон мекунанд, гузаштаи миллатро бо хатти сиёҳ менависанд, миёни мардум тухми кинаву душманӣ мекоранд. "Ҳар кӣ кофар шавад, пас андӯҳгин накунад туро кофарии вай, ба суйи мост руҷӯи эшон, пас хабардор кунем эшонро бо он чӣ мекарданд, ҳар ойина Худо доност ба хислате ки дар синаҳо бошад". (Сураи Луқмон, ояи 23.)

Ва иштибоҳи хукуматиён ин аст, ки роҳи муборизаашон бо ин падида нодуруст аст. Гирифтани Мулло Нуриддин ва ё каси дигар аз хатибии ин ё он масҷид роҳи ҳалли масъала нест. Барои мардум ҷои кор ва вақти фароғатро муҳайё бояд кард, шароити хуб барои омӯхтани илм ва фаро гирифтани донишҳои пештози рӯз. Вақте мардум ин ҳамаро дошта бошанд, дигар медонанд, ки чӣ кор кунанд.

Бародаре менависад, ки дар Аврупо ҳам масҷидҳо ҳастанд. Оре, ҳастанд, инҷониб ҳам дар чанд кишвари Аврупо будам, вале он ҷо касе ба дини касе кор надорад, касе каси дигарро кофару дӯзахӣ намехонад, ҳама бо эҳтироми ҳамдигар барои ободии кишварашон заҳмат мекашанд. Дар фикри тасхири сайёраҳои дигаранд, нав ба нав техника месозанд, роҳҳои хубтари беҳсозии зиндагии инсониятро меҷӯянд.... Мо дар фикри ришу саллаву ҳиҷобем... Афсона мехонем, ки Фалон ибни Фалон ривоят кардааст, ки...

Ба ростӣ, агар муллоҳои мӯҳтарами мо чун Кирилҳо дар фикри якпорчагии мардуми Тоҷикистон (новобаста аз дину мазҳабашон), дар андешаи эҳёи ТОҶИКИСТОН мебуданд (ба ҷои тақсим кардани мардум ба банамозу бенамоз), барои ба шукуфоӣ расонидани мардум даст ба дасти ҳукуматиҳо медоданд, касе масҷиди онҳоро намебаст, касе бо онҳо сари мухолифат надошт....

Дили ҳамаи воизони мо ва ҳукуматиҳои мо ва ҳамагии мо рӯшан бод, то барои якпорчагии мардум ва шукуфоии миллат ва кишвар хидмат кунем!

Эй ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист,
Бигӯямат зи қавли беҳтарини касон.
Беҳтарин кас касе бувад зи халқ,
Ки беш бувад ба халқ нафърасон. (Мавлоно Ҷомӣ)

Тани дурусту номи неку хӯйи неку хирад насиби ҳамагии Шумо бод!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG