Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Афғонистон бо маводи мухаддир


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки дар минтақаи марзии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар қаламрави ноҳияи Фархор як шаҳрванди 21-солаи Афғонистон бо номи Фозилхон валади Аҳмадгул аз вилояти Қундуз бо маводи мухталифи мухаддир боздошт шудааст. "Азия Плюс" бо такя ба хабари вазорат навиштааст, аз оғози сол то кунун 400 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG