Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар ду ҳамла 5 нафар кушта шудаанд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, дар инфиҷори ду бам дар шаҳри Пешовар 5 нафар, аз ҷумла як корманди аршади пулис кушта шудаанд. Як мақоми пулиси маҳаллӣ мегӯяд, дар як ҳамла, ки муовини раиси пулиси Пешовар Рашид Хон ҳадаф қарор дошт, бо се нафари дигар кушта шудаанд. Дар ин ҳамла 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Баъд аз тақрибан 3 соат дар инфиҷори дуввум дар наздикии Пешовар як корманди пулис кушта, 3 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Толибони Покистон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG