Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Алии Бедакиро боздошт карданд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти падари Аловаддин Давлатов маъруф бо лақаби Алии Бедакӣ хабар додааст. Худи Аловаддин Давлатов дар аввали моҳи январ дар ҷараёни як амалиёт кушта шуд. Музаффар Давлатов-падари Алии Бедакӣ 75 сол дорад ва барои пинҳон кардани ҷиноят ва чанд гуноҳи дигар муттаҳам дониста мешавад. Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт:

"Падари Аловаддин Давлатов барои якчанд ҷиноят, аз ҷумла хабар надодан ба кормандони мақомоти ҳифзи фуқуқ оид ба содиршавии ҷиноят дастгир карда шудааст".

Ба парвандаи Музаффар Давлатов додситонии низомии Тоҷикистон расидагӣ мекунад. Худи Аловаддин Давлатов ва 7 нафари дигар аз ҳамроҳонаш дар аввалҳои моҳи январ дар амалиёте дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт кушта шуданд. Бародараш Ҳусниддин тирамоҳи соли 2010 боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG