Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Қонуни Асосии Қазоқистон райпурсиро рад кард


Шӯрои Қонуни Асосии Қазоқистон райпурсии барномарезишударо, ки бар асоси он бояд мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 тамдид мешуд, рад кард. Дар авоили моҳи ҷорӣ порламони Қазоқистон ба ҷонибдорӣ аз баргузории райпурсии ҳамагонӣ рай дод ва ин иқдом метавонист як даҳсолаи дигар ба Назарбоев имкони расёсат диҳад. Назароев ин қарори порламонро барои бозбинӣ ба Шӯрои Қонунии Асосӣ фиристод. Имрӯз Игор Рогов-раиси Шӯрои Қонуни Асосӣ гуфт, ки оқои Назарбоев дар давоми як моҳ ҳақ дорад бар зиди ин тасмими Шӯрои Қонуни Асосӣ ба ин шӯро шикоят кунад. Дар паёми солонаи худ Назарбоев гуфт, Шӯрои Қонуни Асосӣ бояд дар бораи баргузории райпурсӣ тасмим бигирад. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ба нақша гирифтааст, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 номзадии худро пешбарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG