Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди қуюди шабгардӣ, ҳазорон нафар дар хиёбонҳои Қоҳира боқӣ монда, истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро талаб намуданд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, шаби гузашта Миср нисбатан ором буд, аммо гоҳ-гоҳе садои тирандозӣ ба гӯш мерасид.

Мардуми маҳаллии Қоҳира ва шаҳрҳои бузурги Миср ба хотири дифоъ аз дузду роҳзанҳо гурӯҳҳои худдифоъ ташкил кардаанд.

Қуюди шабгардӣ

Гуфта мешавад, қаблан назорати пойтахт ва шаҳрҳои бузург бар дӯши кормандони пулис буд, акнун ҳукумат артиш ва тонкҳоро вориди хиёбонҳо кардааст.

Шоми якшанбе хабаргузориҳои давлатии ин кишвар иттилоъ доданд, ки мӯҳлати қуюди шабгардӣ боз як соати дигар тамдид шуд ва акнун мардум аз соати 3-и баъд аз зӯҳр то соати 8-и субҳ ҳаққи аз манзилҳои худ берун шуданро надоранд.

Яке аз раҳбарони ҷунбиши демкоратии Миср, раиси пешини Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Бародеӣ, дирӯз бо эътирозгарон пайваст ва аз раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак даъват кард, ки ба истеъфо равад.

Ба гуфтаи коршиносон, Ал-Бародаӣ дар музокирот бо мақомоти Миср аз нерӯҳои мухолифи ҳукумат намояндагӣ хоҳад кард. Ҳуснӣ Муборак аз сарвазири нави кишвар Аҳмад Шафиқ хостааст, ки имрӯз музокирот бо ҳайати мухолифонро шурӯъ кунад.

Агар Муборак равад...

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили сиёсии муқими Лондон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, таҳаввулоти рӯзи ахир дар Миср ӯро ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Миср каме хушбин кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, “айни ҳол як кумитаи мухолифин иборат аз даҳ нафар, ба шумули нависандагону вакилон ва дигар афроди саршинос барои музокирот бо ҳукумат ва артиш интихоб шудаанд. Ин Кумита ҳадаф дорад, даврони интиқолиро бидуни хушунату мушкил ва мусолиматомез баргузор кунад”.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, агар дар ин даврони интиқолӣ Ҳусни Муборак аз мақом канор равад, ин ҳам барои Миср ва ҳам кишварҳои ҳамсоя паёмади мусбат хоҳад дошт.

Навбати Яман, Судон ва Сурия?

Ба гуфтаи Алиризо Нуризода, айни ҳол косаи сабри мардуми ҳадди аққал се кишвари дигар - Яман, Судон ва Сурия дар ҳоли лабрез шудан аст.

Дар сурати ба дарозо кашидани бӯҳрони сиёсӣ дар Миср ва аз ислоҳот рӯ тофтани Қоҳира, ба хиёбонҳо рехтани сокинони ин кишварҳо ҳам аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бӯҳрони сиёсии Мисрро бо раҳбарони Арабистони Саудӣ, Туркия ва Исроил баррасӣ намуд. Ба иттилои Кохи Сафед, Обама бори дигар ба зарурати ҷилавгирӣ аз хушунат дар ҳалли низоъ дар ин кишвар таъкид кардааст.

Сарвари Амрико бо шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу сӯҳбати телефонӣ дошт, аммо дар бораи бо кадоме аз раҳбарони Туркия сӯҳбат кардани Обама иттилоъ дода нашудааст.

Аз ин пештар Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак хост, ки интихоботи озоду одилона доир намояд ва талаби намоишгарон барои ислоҳотро бипазирад. Ҳилларӣ Клинтон афзуд, ки айни ҳол Вошингтон мавзӯи қатъи кӯмак ба Қоҳираро баррасӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG