Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон: Эрон ду хабарнигори моро фавран озод кунад


Сабина Леудеуссер Шнарренбергер, вазири додгустарии Олмон
Сабина Леудеуссер Шнарренбергер, вазири додгустарии Олмон

Олмон рӯзи якшанбе аз Эрон хост то ду хабарнигори олмонии зиндонӣ дар ин кишварро фавран озод кунад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Сабина Леудеуссер Шнарренбергер, вазири додгустарии Олмон ин дархостро дар мусоҳиба бо рузномаи "Bild am Sonntag", матраҳ кард.

Вай дар ин мусоҳиба гуфт : «Аз давлати Эрон мехоҳам то ин хабарнигоронро, ки аз даҳуми октябр дар ҳабс ба сар мебаранд фавран озод кунад ва имкони бозгашти онҳоро фароҳам созад.»

Ду хабарнигори нашрияи олмонии “Bild am Sonntag” дар моҳи октябр дар ҳоли мусоҳиба бо писари Сакина Муҳаммади Оштиёнӣ, зани маҳкум ба сангсор, ба иттиҳоми фаъолияти рӯзноманигори бидуни муҷаввиз дар Табрез боздошт шуданд.

Ҳафтаи гузашта муовини вазири хориҷаи Олмон барои баҳс дар мавриди озодии ин шаҳрванди олмонӣ ба Теҳрон сафар кард, аммо ба гуфтаи «Bild am Sonntag» натиҷае аз ин сафар нагирифт.

Алорағми ҳушдори Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар мавриди таъсири манфии маъракаҳои ҳимоят аз ду хабарнигори олмонии боздоштшуда дар Табрез бар раванди пайгирии парвандаи ин ду нафар, расонаҳои олмонӣ дар ин авохир низ як маъракаи таблиғотиро барои озодии ин ду шаҳрвнди олмонӣ ба роҳ андохтаанд.

Дар ҳамин замина се рӯзномаи шинохташудаи Олмон дар авоили моҳи ҷорӣ як сафҳаи рӯзномаи худро бо унвони « Озодии ду гузоришгари боздоштшуда дар Эрон» ба ин маърака ихтисос додааст.

Дар матни ин таблиғ омадааст : «Ҷустуҷӯи ҳақиқат ҷурм нест, кунҷковӣ хабарнигорон асоси озодии матбуот аст.»

Али Акбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи нави Эрон пеш аз ин дар гуфтугӯ бо маҷаллаи олмонии «Der Spiegel» гуфт, ки агар ношир ва сардабири «Bild am Sonntag», ки ду хабарнигораш дар боздошти Эрон ҳастанд « бипазиранд, ки иштибоҳ кардаанд ва аз ин кор маъзарат бихоҳанд, ин метавонад ба парванд кӯмак кунад.»

Дар вокуниш ба ин изҳорот, муассисаи ношири «Bild am Sonntag» эълон карда буд, ки сардабирони ин рӯзнома ҳозиранд дар Теҳрон ё ҷое дигар, бо вазири хориҷаи Эрон дидор кунанд.

Геду Вестервелл, вазири хориҷаи Олмон низ гуфтааст : «То вақте, ки ду ҳамватани мо ба хона барнагаштаанд, аз талош даст барнахоҳем бардошт.»
XS
SM
MD
LG