Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел алайҳи Минск таҳримҳо ҷорӣ мекунад


Имрӯз дар шаҳри Брюссел нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ифтитоҳ мешавад, ки қарор аст дар он алайҳи Белорус барои таъқиби мухолифини сиёсӣ таҳримҳо ҷорӣ карда шаванд. Тибқи хабарҳо, шояд вуруди раисиҷумҳур Александр Лукашенко ва дигар мансабдорони воломақом ба кишварҳои узви Иттиҳодия дубора мамнӯъ эълон шавад. Намояндаи расмии Иттиҳодияи Аврупо Майя Котсянчич ба Радиои Озодӣ гуфт, феҳристи мансабдоронм белорус, ки ба онҳо раводид дода намешавад, густариш хоҳад ёфт. Соли 2006 Брюссел вуруди Лукашенко ва 40 мансабдори белорус ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро манъ шуда буд ва аммо баъд аз ду сол таҳримҳо лағв карда шуданд.
XS
SM
MD
LG