Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе маркази фарҳангии қирғизҳо таъсис мешавад


Дар Тоҷикистон барои нахустин бор маркази милливу фарҳангии қирғизҳо таъсис мешавад. Дар ин бора дар як нишаст ҷомеъаи қирғизҳо дар бинои сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд. Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урман Саралиев таъсиси маркази милливу фарҳангиро барои қирғизҳои муқими Тоҷикистон муҳим номид ва гуфт, ки он барои ҳифзи ҳуввият ва урфу одату маросимҳои қирғизҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ин нишаст ба он нукта ҳам ишора шуд, ки садсолаҳо боз қирғизҳову тоҷикҳо дар манотиқи шарқи Тоҷикистон – дар ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб чун хешовандони наздик ба сар мебаранд.
Маркази милливу фарҳангии қирғизҳо “Мекендаш” номгузорӣ ва раҳбарии он бар дӯши тоҷири маъруф Минбой уулу Равшанбек вогузор шудааст. Интизор меравад, ки ин марказ аз ҳоло ба таҳияи нахустин ҷашни муштарак бо тоҷикҳо дар рӯзҳои Наврӯз омодагӣ бигирад.
XS
SM
MD
LG