Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати нави Берлин барои раҳоии хабарнигорони олмонӣ


Вазири адлияи Олмон Сабина Лойтхойзер-Шнарренбергер дар як матлаб дар нашрияи Вилд ам Соннтаг бори дигар аз Теҳрон даъват намуд, ки ду хабарнигори олмонии боздоштшударо раҳо намояд.
Хабарнигорони олмонӣ рӯзи 10 октябри соли гузашта дар шаҳри Табрез дар ҳоле боздошт шуданд, ки бо писар ва вакили дифоъи Сакина Оштиёнӣ, як зани барои хиёнат ва ҳамдастӣ дар куштори шавҳараш бар марг маҳкумшуда, мусоҳиба анҷом медоданд. Мақомоти Эрон олмониҳоро дар он муттаҳам мекунанд, ки бидуни сабти ном ба фаъолияти хабарнигорӣ пардохтаанд.
XS
SM
MD
LG