Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти пуштибонҳои маҳбусони сиёсӣ дар Минск


Шоми якшанбе дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, дасти кам шаш нафар дар як ҳамоиши пуштибонӣ аз 30 маҳбуси сиёсӣ боздошт шуданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, тақрибан 20 нафар дар назди бинои Кумитаи амнияти миллӣ ҷамъ шуданд, то ҳамдилии худ бо сиёсатмадоронеро иброз намоянд, ки бо иттиҳоми ташкили бенизомиҳо дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ боздошт шудаанд. Онҳо аксҳои собиқ номзадҳо ба мақоми президентӣ Андрей Санников, Николай Статкевич ва раҳбари ҳизби муттаҳидаи шаҳрвандӣ Анатолий Лебедкоро бо худ доштанд. Мақомоти Белорус рӯзи интихоботи президентии 19 декабри соли 2010-ум ҳамоиши мухолифинро саркӯб ва беш аз 600 нафар, ба шумули номзадҳои мухолифи раисиҷумҳур Александр Лукашенкоро боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG