Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лоҳур тазоҳуроти зиддиамрикоӣ баргузор шуд


Дар шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, тақрибан 15 ҳазор нафар дар намоиши зиддиамрикоӣ ширкат намуданд. Эътирозгарон ба мақомот ҳушдор доданд то зери фишори Амрико як дипломати ин кишварро, ки бо иттиҳоми куштори ду покистонӣ боздошт шудааст, раҳо накунанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, корманди консулгарӣ дар шаҳри Лоҳур Раймонд Дэвис ба хотири дифоъ аз худ сӯи ду фарди мусаллаҳе тир андохтааст, ки мехостанд ӯро ғорат кунанд. Сафорати Амрико дар Покистон боздошти Дэвисро ғайриқонунӣ мехонад, зеро ӯ аз дахлнопазирии дипломатӣ бархурдор аст. Аммо мақомоти Покистон изҳор намуданд, ки сарнавишти дипломати амрикоиро додгоҳ ҳал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG