Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти бародари Доку Умаров дар Италия


Дар Италия бародари раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров боздошт шудааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радио Озодӣ, Руслан Умаров айни ҳол дар маркази муҳоҷирони ғайриқонунии мавзеъи Градиска Дизонсо мебошад.
Бародари Доку Умароро кормандони ҳифзи тартиботи Италия дар истгоҳи роҳи оҳани Местра дар Венетсия ҳангоми убур аз марзи кишвар боздошт карданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Италия, аз сафари Руслан Умаров ба Италия қаблан хадамоти кашфи Фаронса мақомоти кишвари ҳамсояро огаҳ карда буданд.
XS
SM
MD
LG