Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Исроил як ҳомии ҳуқуқи инсонро зиндонӣ карданд


Як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон дар Исролиро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба 9 соли зиндон маҳкум кардаанд. Амир Махулро, ки араби исроилист, моҳи октябр ба ҷосусӣ ва талош барои ҷосусӣ муттаҳам карда, вале иттиҳоми кӯмак ба душман дар замони ҷангро беасос донистанд. Ба гуфтаи додгоҳ, Амир Махул ба гурӯҳи Ҳизбуллоҳ доир ба як пойгоҳи низомии Исроил, таъсисоти санъатӣ ва ҳам ду ниҳоди ҷосусии Исроил, Моссад ва Шинбет иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG