Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои зимистонаи Осиё дар Қазоқистон оғоз мешавад


Дар Қазоқистон бозиҳои зимистонаи Осиё имрӯз оғоз ёфт. Бори аввал аст, ки Қазоқистон баъди 20 соли истиқлолият чунин мусобиқоти бузурги варзиширо мизбонӣ мекунад. Бозиҳо то 6 феврал дар ду шаҳри Қазоқистон Алмаато ва Остона баргузор мешаванд. Ҳудуди 1000 варзишгар аз 25 кишвари Осиё, аз ҷумла Чину Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ дар навъҳои мухталифи бозиҳои варзишии зимистона рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG