Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Вазорати корҳои хориҷӣ аз сафар ба Миср


Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, муваққатан аз сафар ба Миср худдорӣ кунанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъият дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср ва дигар шаҳрҳои умдаи ин кишвар муташаниҷ боқӣ мемонад ва дар ҳамин росто Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба намояндагии дипломатии кишвар дар Миср дастур додааст то чораҳои заруриро барои амниятӣ шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвар рӯи даст бигиранд.



Ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Мисри Араб ҳама шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишварро машварат додааст, ки дар манзилҳои худ боқӣ монда аз гаштугузор дар шаҳр ва маҳали гирдиҳамоиҳо иҷтиноб биварзанд.

Наздик ба 1000 шаҳрванди тоҷик, ки аксарият онҳо донишҷӯён мебошанд дар Миср ба сар мебаранд ва ба иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар хушунатҳои чанд рӯзи ахири Миср осеб надидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG