Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зидди Эрон дар шаҳрҳои Афғонистон


Наздик ба ҳазор нафар аз афғонҳо дар се шаҳри Афғонистон зидди эъдоми як шаҳрванди Афғонистон дар Эрон тазоҳурот карданд. То куҷо хабари қатл дуруст аст, маълум нест, аммо мақомоти Эрон дар моҳҳои охир ҳукми қатли чанд афғонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба иҷро расондаанд. Бино бар хабари дигар, Вазорати умури хориҷии Ҳолланд рӯзи шанбе сафири Эронро даъват ва аз эъдоми як зани эрониасли ҳолландӣ эътироз кард. Мақомоти Эрон ин занро дар қочоқи маводи мухаддир айбдор кардаанд, ҳол он ки гуфта мешавад, ӯро дар ҷараёни тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихоботи президентии Эрон дар моҳи июни соли 2009 боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG