Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз тазоҳуркунандагони мисрӣ ҳимоят кард


Эрон аз раҳбарони Миср даъват кард, ба талаби "адолатҷӯён" расидагӣ ва аз хушунат парҳез кунанд. Хабаргузории давлатии Эрон, ИРНА, ба нақл аз сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст гуфтааст, "тазоҳурот дар Миср ба хотири адл аст ва набояд нерӯҳои полис ин мавҷи бедории исломиро саркӯб кунанд." Равобити Теҳрон ва Қоҳира дар соли 1980 ба дунболи инқилоби исломӣ дар Эрон ва эътирофи Исроил аз тарафи Миср қатъ шуда, онҳо дар кишварҳои ҳамдигар ба ғайр аз шӯъбаҳои ҳифзи манофеъ сафорате надоранд.
XS
SM
MD
LG