Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбате бо Муҳаммади Эгамзод, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, дар бораи таъсиси Хадамоти муҳоҷират дар назди дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон аз ташкили Хадамоти муҳоҷирати назди дафтари раёсатҷумҳурии кишвар хабар доданд. Ин хадамот дар заминаи хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ташкил шудааст.

Дар сӯҳбате, ки бо Муҳаммади Эгамзод доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, ки вазифаи аслии ин хадамот бояд кадом бошад?

Муҳаммади Эгамзод: Фикр мекунам, ин хадамот саҳми бештари фаъолияти худро дар қаламрави Русия ба роҳ монад. Зеро аз рӯҳияи ҷомеаи тоҷикистониёне, ки дар Русия ба сар мебаранд, бармеояд, ки онҳо аз ин иқдом истиқболи гарм кардаанд.

Дар даҳсолаи ахир дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва пештар аз он дар назди Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин гуна бахшҳо ифтитоҳ ёфта буданд ва то як дараҷа кор ҳам карданд. Аммо ба шакли ниҳоди мустақил, ки ҳоло дар назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст, набуд. Ин хадамот имконоти бештар барои ҳаллу фасли масъалаҳои муҳоҷирони кории мо дар қаламрави Русия хоҳад дошт.
Пӯшида нест, ки маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон баробар ба 60 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст...


Суол: Бубинед, яке аз ҳадафҳои Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия аст. Оё ин хадамот ба ҳадафҳои худ расида метавонад?

Муҳаммади Эгамзод: Тавре гуфтам, самти асосии фаъолияти ин хадамот бояд ба Русия нигаронида шуда бошад, зеро теъдоди зиёди ҳамватанони мо имрӯзҳо дар қаламрави бузурги ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Аз Калининград то Шарқи Дур ва фаро гирифтани ҳамаи душвориҳои муҳоҷирони корӣ аз тарафи як сафорате, ки танҳо дар Маскав аст ва як консулгарӣ дар Екатеринбург, ниҳоят душвор аст.

Фикр мекунам, ки агар ин хадамот фаъолияти худро дар минтақаҳои Русия аз роҳи ифтитоҳи намояндагиҳо ва ҳамкорӣ бо шахсоне, ки бо ин кор машғуланд ба роҳ монад, беҳтар аст. Ҷанбаи дигаре, ки ба назари ман муҳим аст, кормандони ин хадамот агар статуси дипломатӣ медоштанд, хубтар буд. Таҷриба нишон дод, ки дар солҳои пеш чунин мушкил ба вуҷуд меомад. Дар ҷомеаи башарӣ ҳамин чиз расм шудааст ва фикр мекунам, ки таҷрибаи ҳамин кишварҳо омӯхта шавад. Имрӯз Туркия дар саросари Аврупо муҳоҷирони кории худро дорад. Аллакай онҳо ҳуқуқи шаҳрвандии ин кишварҳои аврупоиро ба даст овардаанд ва имрӯз дар пешрафти кишвари худ саҳм мегиранд. Бояд таҷрибаи Чин, Ветнам, ва дигар кишварҳо низ омӯхта шавад.

Суол: Баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик 10 сол ва ҳатто то 15 сол дар қаламрави Русия кор кардаанд ва акнун синнашон ба нафақа расидааст. Фикр намекунед, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бояд ҳамин масъаларо ҳам матраҳ кунад ва дар оянда бо нафақа таъмин кардани онҳоро танзим кунад, то ки онҳо дар синни пирӣ битавонанд аз кӯмак бархӯрдор шаванд?

Муҳаммади Эгамзод: Ба касе пӯшида нест, ки маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон баробар бо 60 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Фикр мекунам, ки дар сархатти аввали вазифаҳои хадамот дифоъ аз ҳуқуқи онҳо бошад. Бояд хадамот як сомонаи иттилоотиву хабариеро дуруст кунад, ки дар он ҳамаи санадҳои вобаста ба муҳоҷирони корӣ гузошта шаванд. Аз муҳоҷирони корӣ даъват карда шавад, ҳар касе, ки ба Русия меояд ё ба кишвари дигари хориҷӣ, кӯшиш кунад, ки дар ҳамин сомона сабти ном кунад.

Суол: Аз ҳоло баъзе сарусадо ва бими он аст, ки кормандони Хадамоти
Дастмузди кормандони ин хадамот ба ҳадде бошад, ки ҷавобгӯи кор дар қаламрави Русия шавад, то ки онҳо ба тамаъкорӣ роҳ надиҳанд...
муҳоҷирати Тоҷикистон мумкин аст ба додани коғазҳову танзими аснод машғул шаванд ва вазифаҳои дигаре, ки шумо ҳам ёдоварӣ кардед, шояд аз мадди назар дур монад...

Муҳаммади Эгамзод: Муттаассифона, ин нуктаҳо пештар ҳам ҷой дошт. Асоси баҳсу мунозираи миёни муҳоҷирони кории тоҷик, созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, ки имрӯз баҳсҳояшон ҳатто аз доираи фазои иттилоотии Маскав берун рафтааст, аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

Имрӯз ҳама ҷаҳон медонад, ки як ташкилоти тоҷикӣ ба ташкилоти дигари тоҷикӣ мухолиф аст. Баҳсу мунозираҳо зиёд аст. Фикр мекунам, дастмузди кормандони ин хадамот ба ҳадде бошад, ки ҷавобгӯи кор дар қаламрави Русия шавад, то ки онҳо ба тамаъкорӣ роҳ надиҳанд. Ин чиз хеле муҳим аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG