Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз қудрат рафтанӣ нест


Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, то замоне ки мардуми кишвараш иҷоза медиҳанд, дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.

Порлумони Қазоқистон дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ба ҷонибдорӣ аз баргузории назарпурсии ҳамагонӣ раъй дод ва роҳро барои боқӣ мондани Назарбоев барои дастикам як даҳсолаи дигар ҳамвор кард.

Дар сурати баргузории раъйпурсӣ мӯҳлати раёсати Нурсулон Назарбоев метавонад бидуни баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ тамдид шавад.
Имкон медиҳад, ки соли 2012 аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ сарфи назар шавад ва ӯ то соли 2020 мақоми раёсатҷумҳуриро ҳифз кунад...


Ҳоло Шӯрои Қонуни Асосии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки рӯзи баргузории раъйпурсии умумиро таъйин кунад ва ин иқдоми Шӯрои Қонуни Асосӣ аз сӯи Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ин иқдом ба Назарбоев имкон медиҳад, ки соли 2012 аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ сарфи назар шавад ва ӯ то соли 2020 мақоми раёсатҷумҳуриро ҳифз кунад.

Намояндагони порлумони Қазоқистон аз ақидаи баргузории чунин раъйпурсӣ ҷонибдорӣ карданд. Дар оғоз ҷонибдорони раисҷумҳур 5 миллион имзо ҷамъоварӣ карданд, ки онҳо хостори тамдиди мӯҳлати раёсатҷумҳурии Нурсултон Назарбоев мебошанд. Дар Қазоқистон 9 миллион нафар аҳолии қобили раъй ба сар мебарад.

Зимни паёми солонаи худ ба мадуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки аз боварии мардум "сипосгузор" аст: "Ман ба ин арзиш қоилам. Муҳим ин аст, ки ман ҳоло хости мардумро дарк кардам. Ин мақомро канор намегузорам ва корро идома медиҳам".

Назарбоев афзуд, "фармоне содир кардам ва пешниҳоди порлумонро дар бораи баргузории раъйпурсӣ рад кардам, зеро мехостам дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 ширкат ҷӯям. Аммо порлумон аз салоҳияти қонунии худ истифода бурд ва дар Қонуни Асосӣ тағйирот ворид кард."

Назарбоев то ҳол дар тасмими порлумон роҷеъ ба ин масъала имзо нагузоштааст ва мехоҳад онро ба Шӯрои Қонуни Асосӣ бифиристад.

Ин бархӯрди Назарбоевро мухолифони сисёсии вай гаште арзёбӣ мекунанд, ки раисҷумҳур мехоҳад ба ин восита нишон диҳад, ки вай хостори тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш нест. Ба ҳамин тартиб, Назарбоев зимни суханони худ бори дигар изҳор дошт, ки иҷрои хостҳои "мардум" ба Шӯрои Қонуни Асосии кишвараш бастагӣ дорад, ки оё ин пешниҳоди онҳо бо мавозини Қонуни Асосӣ мутобиқат мекунад ё хайр.
Сарфи назар аз он, ки Шӯрои Асосӣ чӣ тасмим мегирад, ман қавл медиҳам, ки кор хоҳам кард. То замоне, ки саломатӣ иҷоза медиҳад ва мардум ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мекунанд...


Интизор меравад, ки Шӯрои Қонуни Асосӣ пешниҳоди порлумонро таъйид кунад. Ҷонибдорони раиси ҷумҳур ба ин боваранд, ки тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Назарбоев ҳам замонати суботу оромӣ ва ҳам замонати ворид шудани сармояҳои хориҷӣ ба кишвар аст.

Сармоягузорони хориҷӣ дар бахшҳои энержии ин кишвар 150 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд. Амрико аз талошҳо барои тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард ва райпурсиро ақибнишинӣ аз мавзини демократӣ номид.

Қазоқистон борҳо барои анҷом надодани ислоҳоти демокаратӣ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Баъзе аз шаҳрвандони Қазоқстон ба назархоҳиҳои интернетӣ пайвастаанд ва пешниҳод кардаанд, ки Назарбоев аз райпурсӣ даст кашад ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG